ҲАЁТИ “НОАЁН”: 21 СОЛИ МУНТАЗИРИИ ДИДОР БО ПАЙВАНДОН

Розия Қурбонова хеле хурсанд мебошад: пас аз 21 сол ӯ гувоҳномаи иқомат барои шахси хориҷӣ (ШХ) ҶТ-ро дар Шӯъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезагони ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифт ва бо шарофати он 25 феврали ҳамин сол ӯро дар ҷои истиқоматаш ба қайд гирифтанд.

Тамоми ҳаёти ӯ ба дар ду мамлакат – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тақсим гаштааст. Ӯ соли 1956 дар деҳаи Боботоғи ҶШС Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Дар он ҷо мактабро низ хатм намудааст. Соли 1976 ба амакбачааш, ки дар соҳили дигари дарё, воқеъ дар ҳудуди ҶШС Тоҷикистон, зиндагӣ дошт, шавҳар намуд.

Розия бо шавҳараш гоҳ дар Ӯзбекистон ва гоҳе дар Тоҷикистон зиндагӣ доштанд. – “Он вақтҳо касе ба ин аҳамият намедод: мо ҳама як кишвар будем.”
Аз соли 2000 Розия ҳамроҳи шавҳараш дар деҳаи дурдасти ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон бе тарки ҷойи зист, бо ҳаёти муқаррарии деҳот: нигоҳубини чорво ва полез, истиқомат менамуданд. Шавҳараш шиносномаи тоҷикӣ дошт, аммо Розия бо шиносномаи ӯзбекӣ, бидуни гирифтани раводид аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қайдгузорӣ дар шӯъбаҳои корҳои дохилӣ, 21 сол воқеан ғайриқонунӣ будубош дошт.

Дар соли 2019 Қонуни қабулшудаи ҶТ “Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандие, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд” ба Розия Қурбонова имкон дод, ки будубоши худро қонунӣ гардонад. Акнун ӯ гувоҳномаи иқомати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт, ва бо он метавонад, гирифтани нафақаро ба расмият дарорад, барои дидорбинию хабаргирии хешовандонаш ба Ӯзбекистон сафар намояд. Инро ӯ солҳои сол орзу дорад.

Розия ва шавҳараш фарзанд надоранд. Онҳо дар хонаи хурдакаки гилине, ки дар тирезаҳояш шиша надорад, дар шароити камбизоатии шадид зиндагӣ доранд. Нафақаи шавҳараш ҳамагӣ 238 сомонӣ мебошад. Дар доираи лоиҳаи “Паст ва пешгирӣ намудани бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкилот маблағи умумӣ барои гирифтани гувоҳномаи иқомат ба миқдори 928 сомониро пардохт намуд.

Аз суханҳои Розия бармеояд, ки ҳаёти онҳо аз ҷиҳати моддӣ хеле мураккаб мебошад, ки баъзан ҳатто маводи хӯрданӣ надоранд. Ба онҳо ҳамсояҳо, ҷамоат кӯмак мекунанд ва вақте ки маблағ зимни ҷамъ намудани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани гувоҳномаи иқомат лозим гардид, ба зан кормандони ХШБ ноҳияи Ҳисор ва Шӯъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезагон дар шаҳри Душанбе мадад намуданд: “Ман, ки дар Душанбе намедонам, ба куҷо равам, онҳо бошанд, маро то шӯъба ва бозгашт аз шӯъбаро, бо такси равон карданд. Ба онҳо хеле сипосгузорам, намедонам, ки бе кӯмаки онҳо чӣ кор мекардам”, – баён кард Розия Қурбонова. – “Ба ҳамаи шумоён низ ташаккури беандоза. Тақдир маро бо шахсони нек рӯбарӯ намуд, ва ман хеле хурсандам!”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *