ТАҶРИБАИ МУСБИИ ЧОРАБИНИҲОИ МУШТАРАК

Дар доираи лоиҳаи Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон “Расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба кӯдаконе, ки аз муҳоҷират таъсир дидаанд, ба кӯдаконе, ки шаҳрвандии номаълум доранд ё ин ки ба кӯдаконе, ки зери таҳдиди бешаҳрвандӣ зиндагонӣ мекунанд” санаи 09 феврали соли 2021 сафари корӣ ба деҳоти Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, ки дар 80 км дурӣ аз маркази маъмурӣ ҷойгир шудааст, анҷом дода шуд.

Ташаббуси муштараки ТҶ “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” ва бахши САҲШ-и ноҳияи Деваштич, бо роҳбарии мудири бахш Яҳёева Лола мақсади муайянсозии кӯдаконе, ки шаҳодатномаи таваллуд надоранд бо роҳи амали намудани қайди давлатии сайёри таваллуди он кӯдаконро дар деҳоти дурдаст пайгирӣ менамуд.

Ҳамин тавр барои татбиқи мақсади сафар гурӯҳ дар ҳайати мудири бахши САҲШ-и ноҳия – Яҳёева Лола, нозир-мутахассиси САҲШ – Сабуров Бахтовар, котиби ҷамоат – Бобоҷонов Шарифбой, мутахассис оид ба танзими анъана ва расму оин дар ҷамоат – Солиев Садриддин, директори мактаби миёна № 54 – Норов Абдуазиз, корманди ТҶ “Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ” – Муҳаммадқулов Илҳом дар давоми як рӯз шаҳрвандоне, ки ба фарзандонашон саривақт шаҳодатномаи таваллуд нагирифтаанд, қабул намуданд. Дар умум он рӯз 70 нафар кӯдаконе, ки шаҳодатномаи таваллуд надоранд, муайян карда шуданд. Аз ин миқдор 28 нафар писарҳо ва 42 нафар духтарҳо ташкил медиҳанд.

Инчунин 3 нафар занҳо муроҷиат карданд, ки вазъи оилавиашон дар ақди никоҳи аз қайди давлатӣ нагузашта қарор дорад, ва онҳо қаблан шиносномаи шаҳрванди ҶТ нагирифтаанд.

Нисбати як нафар зан, ки соли 1962 берун аз муассисаи тиббӣ, яъне дар хона таваллуд шудааст, мебояд ҳолати таваллуд ба тариқи судӣ муқаррар карда шавад, ки баъдан зан метавонад ба шӯъбаи САҲШ барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд, сипас ба Хадамоти шиносномавӣ-бақайдгирии ВКД ҶТ барои соҳиб шудан ба шиносномаи шаҳрванди ҶТ муроҷиат намояд.

Бояд зикр намуд, ки зан маъюб мебошад, аммо бинобар мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, наметавонад маъюбии худро дар мақомотҳои давлатӣ муайян намуда, нафақаи муқарраршударо гирифта бошад.

Дар анҷоми кор котиби ҷамоати деҳоти Росровут қайд намуд, ки аҳолии ҷамоатро 16 ҳаз. 5 наф. ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 5394 наф. кӯдакони то 18 сола буда, онҳо аз қайди давлатии таваллуд гузаштаанд. Миқдори кӯдакони ҳуҷҷатгузорӣ нашуда бошад, тахминан 200 нафар мебошанд, ва вобаста аз ин нишондод онҳо минбаъд чораҳо меандешанд, то ин ки мушкилӣ бартараф шавад, барои қайди давлатии таваллуди кӯдакон мусоидат менамоянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *