Санаи 05 феврали соли 2021 дар толор-маҷлисгоҳи Вазорати Адлияи ҶТ бо ибтикори муовини якуми вазири адлия, – Ализода Нигина ҷаласаи корӣ бо иштироки мудирони мақомотҳои САҲШ, кормандони ташкилотҳои ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ” ва “Чашма” баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҳамчунин корманди ҳуқуқии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон – Комилова Замира ширкат намуданд. ,
Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои вобаста ба фаъолият дар доираи Барномаи “Ҳифзи кӯдакон дар ҷараёнҳои муҳоҷиратии Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Ҷанубӣ ва Марказӣ” дар соли 2020, хусусан ҷузъи он “Расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба кӯдаконе, ки аз муҳоҷират таъсир дидаанд, ба кӯдаконе, ки шаҳрвандии номаълум доранд ё ин ки ба кӯдаконе, ки зери таҳдиди бешаҳрвандӣ зиндагонӣ мекунанд” баррасӣ шуданд.
Бо назардошти шумораи зиёди кӯдакони то панҷ сола, ки шаҳодатномаи таваллуд надоранд, Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак ба Тоҷикистон дар бораи Мақсадҳои 16.9, – Рушди устувор, ки ба таъмини фардикунонии ҳуқуқӣ мансуб мебошад, ҳамаи давлатҳоро хоҳиш намуд, ки дастрасӣ ба ҷараёни қайди таваллудро бо роҳи васеъ намудани зерсохторҳои мобилии қайди асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тезонидани мӯҳлати баррасӣ, бартарафкунии пардохтҳои иловагӣ, соддагардонии талабот нисбати ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва ҳавасмандгардонӣ барои пешниҳоди ҳисобот оид ба таваллуд дар хонаро осон намоянд.
Иштирокчиён масъалаҳои ҳамкории мақомотҳои САҲШ бо ТҶ, – шарикони намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, таъмини гурӯҳи аҳолии нисбатан осебпазир бо шаҳодатномаи таваллуд, дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқӣ ва моддӣ дар доираи Барномаро баррасӣ карданд.
Инчунин иштирокчиён бо маълумотҳо оид ба чорабиниҳои банақшагирифтаи Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон барои соли 2021 шинос гардиданд.
Чӣ тавре ки муовини якуми вазири адлия, мӯҳтарам Ализода Н. зикр намуданд, новобаста аз мушкилиҳои мавҷудаи соли гузашта кормандони САҲШ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷамоатҳо дар маҳалҳо ба натиҷаҳои самарабахш хеле мақсаднок ноил гардиданд, аммо бо ин набояд қонеъ шуд. Лозим аст, ки дар кишвар ягон кӯдак бе шаҳодатномаи таваллуд дар канор намонад. Аз ин рӯ, мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҳамкории дақиқ, ташкили вохӯриҳо барои ҳалли мушкилиҳои бавуҷудомада фаъолияти худро ба роҳ монанд.
