ХОЛАИ ХАДИЧА- МУЖДА АЗ КОНУН ДАР БОРАИ АВФ

Холаи Хадича – дӯсти деринаи ТҶ “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” мебошад, аммо сабаби ин дӯстӣ воқеаи ғамангези бешаҳрвандии ин зани солхӯрда буд. Абдурахмонова Хадича Мамаҷоновна (номи пурра), соли таваллудаш 1939, 25 январи соли 2018 ба ташкилот муроҷиат намуд. Ӯ моҳи августи соли 2013 бо ҳуҷҷати сафарии шахси бешаҳрвандӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омада буд, аммо вақте ки мӯҳлати амали хуҷҷат ба охир расид, Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҶТ онро мусодира намуда, занро бе хуҷҷат гузошт. Хадича тули чил сол дар мақомотҳои давлатии собиқ ИҶШС дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла роҳбарикунанда кор кардааст. Бо баробари ба нафақа рафтан, ӯ аз Тоҷикистон соли 1994 аз қайди зист баромада, ба шаҳри Қӯқанд кӯчида, аз онҷо гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрвандӣ гирифта, бо нигоҳубини наберагонаш машғул шуд. Соли 2013 аз сабаби пайдо шудани мушкилот бо саломатӣ маҷбур шуд, ки ба Тоҷикистон баргардад ва ҳамин тавр бо ҳолати бешаҳрвандӣ дучор шуд. Холаи Хадича 80 сола аст ва касе нест, ки ӯро нигоҳубин кунад, ва умуман бо сабаби надоштани хуҷҷатҳо вай наметавонист ба муассисаи тиббӣ муроҷиат намояд. Азбаски ӯ нафақа намегирад, бинобар ин сарчашмаи даромад надорад, ягона воситаи зисти ӯ ин, – ба шарофати интиқоли пуле, ки фарзандонаш пеш аз пандемияи вируси корона аз ФР ирсол мекарданд, буд. Холаи Хадича ба мо чунин гуфт: “Ман намехоҳам дар танҳоӣ бимирам…” Бо баробари қабул шудани Қонун дар бораи авф ташкилот ба холаи Хадича кӯмаки худро баҳри ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои лозимӣ барои қонунӣ гардонидани вазъи ҳуқуқии ӯ ва гирифтани гувоҳномаи иқомат оғоз кард. Ниҳоят, холаи мо – Хадича иҷозат барои зисти доимӣ дар ҶТ ва гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд гирифт. Қадами дигар ин – пешниҳоди дархостӣ аз номи холаи Хадича оид ба гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад! ТҶ “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” миннатдории худро изҳор менамояд ба: • Шӯъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезагони ХШБ ВКД ҶТ барои диққати махсус ва муносибати ҳассос нисбати Хадича дар ҷараёни қонунигардонии вазъи ҳуқуқии ӯ ва гирифтани гувоҳномаи иқомат; • Ба намояндаи РКОГ СММ барои дастгирии молиявӣ зимни пардохтани боҷи давлатӣ ва хизматрасониҳо барои гирифтани гувоҳномаи иқомат.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *