МАСЪАЛАҲОИ БЕШАҲРВАНДӢ ДАР ДОИРАИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ.

Аз санаи 01 то 15 октябри соли 2020 мутобиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ”, Фармони Президенти ҶТ аз 12 октябри соли 2015 “Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020”, Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02 декабри соли 2016 “Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили ҶТ дар соли 2020” дар Тоҷикистон маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад. Дар доираи ин маъракаи дар пешистода дар шаҳрҳои Турсунзода ва Хуҷанд омӯзиш барои роҳбарони бахшу шӯъбаҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он то 100 нафар иштирок намуданд. Омӯзиш бо дастгирии Хазинаи нуфуси СММ аз рӯи лоиҳаи “Тақвият бахшидани омори демографӣ дар Тоҷикистон” ташкил гардид. ТҶ “Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ” санаи 02 сентябри соли ҷорӣ дар ҷараёни омӯзишҳои ташкилшуда, – шӯрои иттилоотӣ баргузор намуд, ки он давоми як соат иштирокчиёнро бо симои ҳуқуқии шахсони бешаҳрвандӣ/бо шаҳрвандии номуайян дар миқёси Тоҷикистон шинос намуд. Саволҳо вобаста ба шаҳрвандӣ дар Дастурамал барои бақайдгирандагон дар саволи 8, зербанди 3, яъне “бешаҳрвандӣ” инъикос ёфтаанд. Дар презентатсияи ба маъразгузошташуда “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” ғайр аз муайян кардани гурӯҳи бешаҳрвандӣ, инчунин мисолҳои махсус оид ба шахсони дар вазъи бешаҳрвандӣ қарор дошта, ки дар рафти фаъолияти ташкилот аз рӯи лоиҳаи РКОГ СММ “Пешгирӣ ва паст кардани бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муайян шудаанд, шинос намуд. Ҳамчунин мисолҳо вобаста ба ҳолатҳои шахсони бешаҳрвандӣ, ки бо гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрвандӣ, ки дар давлати хориҷӣ дода шудааст, ё маълумотнома оид ба аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон истиқомат доранд, ки ба зербанди 3-и гурӯҳ мавҷуд нестанд, нишон дода шуданд. Ин гурӯҳ шахсонро тавсия дода шуд, ки ба гурӯҳи “бе ҳуҷҷат” ворид карда шаванд. Иштирокчиёни омӯзиш инчунин дар масъалаҳои вобаста ба намудҳои ҳуҷҷатҳои шахсони бешаҳрвандӣ, душаҳрвандӣ ва дигар ҳолатҳо саволҳои худро пешниҳод намуданд. Барои ҳамкории минбаъда оиди масъалаҳои бешаҳрвандӣ ба иштирокчиён маълумотҳои иртиботӣ барои тамос дар шаҳри Душанбе ва Хуҷанд дода шуданд.    

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *