БАДАХШОНИ КӮҲӢ ПАХШИ ЛОИҲАИ ПАСТ ВА ПЕШГИРӢ КАРДАНИ БЕШАҲРВАНДӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ОҒОЗ НАМУД.

ТҶ “Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир” дар ду ноҳияҳои Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалисозии лоиҳаи “Паст ва пешгирӣ кардани бешаҳрвандӣ дар ҶТ”-ро бо дастгирии РКОГ СММ дар ҶТ оғоз намуд. Дар доираи ин лоиҳа аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” бо ҳамроҳии “Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Помир” омӯзиши амалиявӣ оид ба масъалаҳои бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

    Дар барномаи чорабинии гузаронидашуда омӯзиши масъалаҳои стандартҳои байналмиллалии бешаҳрвандӣ, қоидаҳои рафтори корманди лоиҳа пешбинӣ шудаанд. Ҳамзамон, диққати муҳим ба қонунгузории миллии ҷумҳурӣ, аз ҷумла омӯзиши масъалаҳои дар таҷриба дучоршаванда дар рафти амалисозии Қонин ҶТ “Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд”, Қонуни конститутсионӣ ҶТ “Дар бораи шаҳрвандии ҶТ” дода шуд. Инчунин малакаҳои амалии муайянсозии категорияи шахсони ба лоиҳаи бешаҳрвандӣ фарогир дар кишвар, пур кардани анкетаҳо барои бенефитсиарҳо, масъалаҳои ҳамоҳангсозии кор бо мақомотҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳо коркард шуданд.

   Рӯзи дигар вохӯрии аввалин бо аҳолӣ дар Хонаи маданияти ҷамоати Вранги ноҳияи Ишкошим бо мусоидати кормандони шӯъбаи минтақавии милиса (ШММ) Вахон доир гардид. Ба шахсони ҳозиршуда мақсад ва вазифаҳои лоиҳа фаҳмонида шуда, 8 нафар иштирокчии ҷамъомад, сокинони ҷамоатҳои Вранг, Шитхарв ва Птуп, ки шиносномаи шаҳрвандии ҶТ надоштанд, муайян гардиданд, ба онҳо анкетаҳои бақайдгирии бенефитсиарҳо тартиб дода шуд. Аз нафарони муайяншуда 5 нафар занҳо ва 3 нафарро мардҳо ташкил ташкил медоданд. Ба ҳамаи бақайдгирифташудагон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ оид ба ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои лозимӣ барои гирифтани шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рақамҳои иттилоотии кормандони ТҶ “Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Помир” барои тамос ва алоқаи минбаъда пешниҳод гардиданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *