ТАҲЛИЛҲО

1. WOMEN CONNECT ACROSS CONFLICTS: BUILDING ACCOUNTABILITY FOR IMPLEMENTATION OF UN SCR 1325, 1820, 1888, 1889 Ferghana Valley. Baseline Survey and Mapping, Anna Matveeva, With Najiba Shirinbekova, Gulnaz Kolsariyeva and Igor Savin, 2012

Накли англисӣ дастрас

2. Ҳатари бешаҳрванди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Маълумотномаи таҳлили), 2013 с.

Накли русӣ дастрас

3. Изҳороти муштараки Ташкилоти Ҷаъмиятии Байналмилалӣ “Ҳукук ва Беҳбудӣ” ва Ташкилоти Ҷаъмияти “Идораи ҳукуки инсон ва риояи конуният” дар бораи иҷрои моддаи 9-и Конвенсияи байналҳалки дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Наклҳои русӣ ва англиси дастрас

Маълумоти мазкур вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи моддаи 9-и CEDAW. Маълумоти дар ҳуҷҷати мазкур пешкаш шуда дар асоси мониторинги, ки аз тарафи ТҶБ “Ҳукук ва беҳбудӣ” ва Идораи ҳукуки инсон ва риояи конуният дар ноҳияҳои Исфара, Ғончи, Б.Гафуров ва Спитамени вилояти Суғд гузаронида шуда буд асос ефтааст. Ғайр аз ин тадкикотҳо ва арзёбии ваъзият дар мавзӯи мазкур ки аз тарафи коршиносони тоҷик ва ташкилотҳои байналҳалки аз ҷумла РКОГ СММ ва СММ Занон дар солҳои 2008, 2010 ва 2013 гузаронида шуда будаанд истифода шудааст. Ҳамчунин, дар ҳуҷҷат масъалахое, ки дар вакти конфронси минтакавӣ вобаста ба пешгири ва кам намудани бешаҳрвандӣ ва ҳифзи ҳукуки шаҳсоне бешаҳрванди дар Осиёи Миёна, ш.Ашҳобод рӯзҳои 9-10 декабри соли 2009 мухокима карда шудаанд, инъикос карда шудааст. Дар ҳуҷҷат конунҳо ва санадҳои меъёрии вобаста ба вазъи хатари бешаҳрвандӣ ва ҳамчунин маълумотҳои Агентии омор дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил ва баррасӣ карда шудаанд.

4. Шарҳи (таҳлили) таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ дар радифи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Наклҳои русӣ ва точикӣ дастрас

Аз ҷониби дастаи лоиҳаи «Барномаи минтақавӣ оид ба муҳоҷират» дар рафти омодасозии «Шарҳи таҷрибаи суди оид ба парвандаҳои оилавӣ дар радифи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тољикистон» кори муайян доир ба омўзиши таҷрибаи судӣ нисбати аз ҷониби судҳо баррасӣ намудани парвандаҳои бекор кардани ақди никоҳ, муайян ва ситонидани алиментҳо, баҳсҳои манзилӣ ва молумулкие, ки аз муносибатҳои ҳукуқии оилави бармеоянд, муқаррар кардани падари, муайян намудани ойи истиқомати кўдак ва таљрибаи қабулгоҳи ҳуқуқии ройгон оиди истифодабарии медиатсияи оилавӣ анҷом дода шудааст, ки дар асоси ин хулосаҳо ва тавсияҳои муайян пешниҳод карда шудааст.

5.Таҳлили мурофиаи судии гражданӣ ва маъмурӣ оид ба парвандаҳои шахсони паноҳҷўянда ва гурезаҳо, 2015 сол

Наклҳои русӣ, точикӣ ва англисӣ дастрас

Таҳқиқоти мазкур мақсади ҷалби ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандиро ба муаммои таъмин ва ҳимояи ҳуқуқи шахсони паноҳҷўянда ва гурезаҳо дар суд дорад, ки метавонанд ба рушд дар ин самт таъсир расонанд.

6. Шарҳи мухтасари қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи принсипи манъи рондани шахсони паноҳҷў ва гурезаҳо, 2015

Наклҳои русӣ, точикӣ ва англисӣ дастрас

Тадқиқоти мазкур мақсади ба проблемаи таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи шахсони паноҳҷў ва гурезаҳо дар радифи риояи принсипи манъи рондан, ҷалб намудани диққати хонандаро дорад.

7. Шарҳи қонунгузории миллӣ барои мутобиқати он бо стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи бешаҳрвандӣ Наклҳои русӣ, точикӣ ва англисӣ дастрас

Дар шарҳи мазкур таҳлили сиёсати амалкунанда, қонунгузорӣ дар бораи масъалаҳои шаҳрвандӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ), ҳуҷҷатгузорӣ ва ғайра, барои ошкор намудани камбудиҳое, ки ба шахсони дорои шаҳрвандии номуайян таъсир мерасонад, тавсияҳо оид ба ворид намудани тағийротҳо ба қонунгузории амалкунанда бо мақсади такмил додани он пешниҳод карда шудааст.

8. Шарҳи иҷрои якум ва дуям марҳилахои Барномаи маориф дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба солҳои 2013-2020, марти 2019с.

Накли русӣ дастрас

Шарҳи мазкур бо дастгирии аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар ш.Душанбе гузаронида мешавад ва пайгири хадафи шарҳи муҳтасари ду марҳилаҳои аввалини татбиқи Барномаҳои дар соҳаи хуқуқи инсон ба солҳои 2013-2020 мебошад. Вазифаҳои асосӣ Шарҳ:

  • Ҷамбаст кардани ҳисоботҳо ва фикру мулоҳизаҳо оид ба натиҷаҳои омузиш, ворид намудани ислоҳот ба барномаҳои таълими (нақшаҳо), шарҳи китобҳои таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсоне, ки аз рӯи Барнома омода шудааст, ҳамчунин дигар чорабиниҳо.
  • Мутаносиб кардани чорабиниҳо ва дастовардҳои Барнома мувофиқи самтҳои фаъолиятии асосии ва нақшаи кории солона.
  • Пешниҳод намудани маълумот оиди муваффақиятҳо ва камбудиҳо дар рафти иҷрои барнома, таъсири эҳтимоли дарозмӯҳлати.
  • Таҳия намудани тавсияҳо барои нақшаи чорабиниҳои марҳилаи сеюми барнома ва таҳияи Барномаи навбатии