Оиди мо

Ташкилоти Ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ» Ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрии худидоракунӣ ва ғайритиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Ташкилот мустақилона фаъолият мекунад инчунин бо Ташкилотҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ, ки мақсад ва вазифаҳои мувофиқ доранд, ҳамкорӣ менамояд. Ташкилот аз мавриди ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш, шахси ҳуқуқӣ ба шумор рафта, дорои моликияти алоҳида, маблағҳои асосӣ ва мубодилавӣ, мувозинати мустақил, дар бонкҳо суратҳисоб, аз он ҷумла суратҳисобҳои арзӣ дошта метавонад. Ташкилот метавонад ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ ба даст орад ва дар судҳо ба сифати даъвогару ҷавобгар баромад намояд. Мақсад ва вазифаҳои “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” тибқи Оинномаи он, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” ва дигар санадҳои меъёрии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва амалӣ мегардад иҷро карда мешаванд. Ташкилот бо тартиби муқаррарнамудаи қонун дорои мӯҳр, рамз, шакл бо ном, нишона, нишонаҳои худ ва дигар нишонаҳо мебошад. Ташкилот фаъолияти оинномавии худро дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.