Ҳар як инсон ба беҳбуди ҳуқуқ дорад
Ҳадафи ташкилот
мусоидат ба ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи гузаронидани тадқиқотҳо, таълимот, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба воситаи намоянда (ҷалби адвокат) ва расонидани дигар намуди машварати ҳуқуқие, ки бо қонунгузорӣ манъ нашудааст, иборат мебошад. Ташкилот дар мусоидати баробарии ҷабҳаҳои гендерӣ манфиатдор аст. Ташкилот қӯшиш мекунад бо одамони камбизоат ва осебпазир кор кунад, ба онҳо дар ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳояшон кӯмак расонад ва иштироки онҳоро дар раванди демократикунонӣ ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа беҳтар созад.
НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТИ :
- Баланд бардоштани самараи функсионалии ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ» бо роҳи инкишофи имконият ва қобилияти ў, мукаммалгардонии сохторҳои идоракунии (роҳбарият) ташкилот ва татбиқ намудани он дар амал;
- расонидани машварати ҳуқуқи ва мусоидат намудан дар пешбурди парвандаҳо ба воситаи ҷалби намояндагон дар асоси шартномаи гражданӣ дар суд ва дигар мақомоти давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, дар навбати аввал – камбизоатон, инчунин занон, кўдакони ятим, ятимони иҷтимоӣ, маъюбон, гурезаҳо, шахсони зери таҳдиди бешаҳрвандӣ ва дигар табақаҳои ба ҳимоя эҳтиёҷманди аҳолӣ;
- Ҷустуҷўи сарчашмаҳои молиявии маҳаллӣ ва беруна барои ба амал баровардани барномаҳои хайриявӣ;
- Дигар намудҳои фаъолиятҳои хайриявӣ, ки қонунгузорӣ манъ накардааст;
- Тадқиқот оид ба масъалаҳои ҳалталаби аҳолӣ дар доираи фаъолияти ташкилот;
- Барномаҳои таълимӣ (тренингҳо, семинарҳо);
- Иттилоотонии ҷамъият (ба воситаи гузаронидани мизҳои мудаввар, вохўриҳо, конференсияҳо, омода, интишор дар воситаҳои ахбори умум, дар радио, барномаҳо дар телевизион, омода ва нашри буклетҳо, маҷала, маълумотномаҳо)
- Гузаронидани равандҳои адвокатсионӣ (пешбурди манфиатҳои гуруҳҳои мақсаддор дар сатҳи иҷроия ва қонунгузор) дар доираи пешбинамудаи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ