Санаи 8 июни соли 2021 дар заминаи маркази такмили ихтисоси адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиш дар мавзӯи “Стандартҳои байналмиллалӣ ва миллӣ оид ба бешаҳрвандӣ. Таҷрибаи судӣ оид ба масъалаҳои дастрасӣ ба қайди таваллуд ва шаҳрвандӣ” дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи адвокатҳои ҶТ, ва дастгирии намояндагии РКОГ СММ дар Тоҷикистон баргузор гардид. @UNHCR Central Asia UNHCR Central Asia
Иштирокчиёни омӯзиш-ин адвокатҳои амалкунандаи таҷрибаи корӣ дошта аз шаҳри Душанбе ва НТМ, инчунин адвокатҳои ҷавоне, ки ба наздикӣ мақоми адвокатиро соҳиб шудаанд, буданд. Вазифаи асосии омӯзиши якрӯза ин шинос намудани иштирокчиён бо масъалаҳои бешаҳрвандӣ, ки бо дастрасӣ ба қайди таваллуди кӯдакон бевосита алоқамандӣ дорад, буд.
Қисми аввали омӯзиш ба паҳлӯҳои таҷрибавии амалишавии қонуни ҶТ “Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд” ва қонунгузории миллӣ оид ба шаҳрвандӣ ва бешаҳрвандӣ бахшида шуд. Иштирокчиён маводҳои омӯзишии худро бо корҳои амалӣ дар доираи кейсҳое, ки аз таҷрибаи фаъолияти ташкилот гирифта шуда буданд, мустаҳкам намуданд. Ҳамин тавр, иштирокчиён малакаи амалӣ ба даст оварданд ва хурсандиовар буд (аз корҳои презентатсионии гурӯҳӣ бармеояд), ки онҳо таҷрибаи нави таҳлили ҳуқуқии ҳолатҳо вобаста ба қонуни Авфро аз худ намуданд.
Инчунин масъалаҳои таҷрибаи судӣ оид ба бешаҳрвандӣ ва дастрасӣ ба қайди таввалуд низ баррасӣ шуданд. Зикр гардид, ки ҷамъоварии маводҳо оид ба парвандаҳои муқаррар намудани ҳолати таваллуд ба тариқи судӣ ҷараёни заҳматталаб буда, мӯҳлати тӯлониро фаро мегирад. Ҳамчунин адвокатҳо ба мушкилиҳои кор бо мақомотҳои маҳалии ҳокимият, ки дар бисёр ҳолатҳо ягона мақомоте, ки мавҷудият ва зисти “одами диданашаванда”-ро тасдиқ мекунад, арз намуданд.
Дигар масъала, ин парвандаҳои мураккаб, ки дар онҷо волидайн – шахсони бешаҳрвандӣ де факто, яъне онҳо ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият надоранд, ё ки шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд, ки дар Тоҷикистон зиндагонӣ мекунанд, мебошад.
Ҷараёнҳои шадиди муҳоҷират ва дарки нокифояи ҳуқуқии баъзе аз волидайн ба он меорад, ки кӯдакони дар кишварҳои хориҷӣ таваллудшуда ва ба Тоҷикистон бо шаҳодатномаи бозгашт овардашуда, азбаски берун аз муассисаи тиббӣ таваллуд шудаанд, шаҳодатномаи таваллуд, маълумотномаи тиббии таваллуд надоранд. Қайд гардид, ки дастрасии чунин шахсон ба мақомоти судӣ бо сабабҳои дурдастӣ аз марказҳои маъмурӣ, имкониятҳои пасти ҳуқуқӣ, зарурати ҷалби эксперт барои муайян кардани синну сол, падарӣ, вақти тӯлонӣ зимни баррасӣ аз тарафи судҳо ва дигар омилҳо маҳдуд мебошад. Ғайр аз он ҷамъоварии далелҳо, ки бо гирифтани маълумотҳо аз вазоратҳои маориф, тандурустӣ, адлия, корҳои дохилӣ, ирсоли дархостҳо ба давлатҳои хориҷӣ пешбарӣ мешавад, иштироки ҳуқуқшинос ё адвокати босалоҳиятро талаб мекунад. Мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо намояндагони низоми судӣ иштирок ва дастгирии заруриро ифода намекунанд, ва бештар худи онҳо нофаҳмӣ изҳор мекунанд, ки чӣ тавр ин шахсон тайи беш аз 30-40 сол бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият зиндагӣ доранд.
Умуман иштирокчиён кори омӯзишро мусбӣ баҳогузорӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар оянда мавзӯро боз чуқуртар бояд омӯхт, зеро ки ҳалли масъалаҳои бешаҳрвандӣ аз тарафи давлат низ чун ҳамроҳ будан ба Мақсадҳои рушди устувори (МРУ) Созмони миллали мутаҳҳид, аз ҷумла МРУ № 16, ки яке аз вазифаҳо № 16.9: яъне то соли 2030 тамоми одамонро бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, аз ҷумла Шаҳодатномаи таваллуд таъмин намудан аст, дастгирӣ мешавад

