Аз санаҳои 05 ва то 23 май фарогир дар ҷамоатҳои ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ ва шаҳри Конибодом шӯроҳои иттилоотӣ баргузор гардиданд, ки мақсади онҳо мусоидат намудан ба амалишавии Қонуни ҶТ “Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд” мебошад. Шӯроҳои иттилоотӣ дар маҷмӯъ 23 ҷамоатҳоро дар ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ ва шаҳри Конибодом, бо иштироки 460 нафар шахсон ба монанди раисони маҳаллаҳо, кормандони ҷамоат ва сокинони фаъолро фаро гирифтанд. Аз миқдори умумии иштирокчиён 174 нафарро занҳо ташкил доданд.
Иштирокчиён бо муқаррарот ва мафҳумҳои асосии Қонуни ҶТ “Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд”, Қонуни Конститутсионии ҶТ “Дар бораи шаҳрвандии ҶТ” ва тартиби гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ва шиносномаи шаҳрванди ҶТ шинос гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки дар минтақаҳои номбаршуда ҷамоатҳои наздисарҳадӣ аз ҷумла Пунук, Ориён, Понғоз дар ноҳияи Ашт, Лоҳутӣ, Патар дар шаҳри Конибодом ва Мастчоҳ, Оббурдон, Палдорак, Обшорон ва Навбаҳор дар ноҳияи Мастчоҳ ҷойгир шудаанд. Чӣ тавре ки кормандони ҷамоатҳо зикр намуданд, шахсони бешаҳрвандӣ дар минтақаҳои онҳо асосан занҳо маҳсуб меёбанд, ки ба Тоҷикистон аз ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид шудаанд, ва дар ин ҷо оила барпо намудаанд.
Шӯроҳои иттилоотӣ дар доираи лоиҳаи РКОГ СММ дар ҶТ “Паст ва пешгирӣ намудани бешаҳрвандӣ дар Тоҷикистон” гузаронида шуданд.

