ОҒОЗИ ЛОИҲА “БЕҲТАР НАМУДАНИ ДАСТРАСИИ ҚУРБОНИЁНИ ХУШУНАТИ ХОНАВОДАГӢ БА ЁРИИ ҲУҚУҚӢ ДАР ТОҶИКИСТОН”

Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ” оғози лоиҳаи “Беҳтар намудани дастрасии қурбониёни хушунати хонаводагӣ ба ёрии ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон” -ро аз моҳи октябри соли 2020 бо дастгирии Canada Fund for Local Initiatives (CFLI) – барномаи назди Вазорати корҳои хориҷии Канадаро, эълон мекунад. Ҳадафи лоиҳа – мусоидат ба ташкили системаи муоссири ҳифзи қурбониёни хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон тавассути беҳтар намудани дастрасии онҳо ба кумаки касбии ҳуқуқӣ мебошад. 

Ҳадафҳои лоиҳа: 

1. Таҳияи дастури муфассал барои адвокатҳо оиди кӯмак ба ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ. Дастур барои ҳамаи ҳуқуқшиносоне, ки мехоҳанд ба қурбониёни зӯроварӣ кӯмаки ҳуқуқӣ расонанд, як воситаи амалӣ хоҳад буд. 

2. Баланд бардоштани иқтидори адвокатҳо / ҳуқуқшиносони аҳли амал ва ҳуқуқшиносони паноҳгоҳҳо барои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ ва намояндагони онҳо 

3. Таъмини дастгирии ҳуқуқӣ дар шакли машварат ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагон бо намояндагии адвокатҳо дар парвандаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ дар марҳилаҳои гуногуни мурофиаи ҷиноятӣ ва гражданӣ. 

 Барои дастрас намудани маълумоти бештар метавонед муроҷиат намоед:

ИДОРАИ МАРКАЗӢ дар ш.Душанбе,

хиёбони Рӯдакӣ 137, ошёнаи 6-ум, утоқи 629

ТЕЛЕФОНҲО: +992 (93) 0800429, 900-2096, 900-2097  

ПОЧТАИ ЭЛЕКТРОНӢ office.irpco@gmail.com FACEBOOK.COM fb.me/right.prosperity 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *