НОАЁНҲО ДАР СЕ НАСЛҲО…
Нақли мо дар бораи тақдири занҳои як оила дар се наслҳо мебошад. Занҳои ки бинобар вобастагӣ аз тассавурот ва стереотипҳо аз ҳуқуқи саришта кардани тақдири худ ва аз додани ба фарзанду набераҳои худ умеди бештар ба зиндагии арзанда маҳрум буданд. Ҷиддӣ будани вазъият дар он аст ки занҳо сарфи назар аз таҷрибаи ғамгини худ барои тақмил додани тақдири духтарҳояшон ки ба онҳо имконияти беҳтар фароҳам меорад кӯшиш накардаанд. Аз соли 2011 Ташкилоти Ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ” шарики ҳуқуқии Намояндагии Раёсати Комиссари Олии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (РКОГ СММ) мебошад. Аз соли 2015 Ташкилот яке аз мандатҳои РКОГ СММ “Пешгирӣ ва кам кардани бешаҳрвандӣ дар Тоҷикистон” татбиқ менамояд. Дар доираи лоиҳаи мазкур Ташкилот ба шахсони бешаҳрвандӣ ва ба шахсоне ки зери таҳдиди бешаҳрвандӣ мебошанд кӯмаки ҳуқуқи мерасонад. 18 сентябри соли 2018 ба идораи Ташкилот ки дар ш.Хуҷанд ҷойгир аст зани 55 сола муроҷиат намуд. Ӯ бохабар шудааст, ки барои гирифтани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташкилот метавонад ба ӯ кӯмак расонад. Сарфи назар аз 55 солагии ин зан аз ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият ӯ танҳо шаҳодатномаи таввалуде, ки дар давраи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дода шудааст дошт. Таъсирбаҳш будани хикояи ин зан аҷиб менамояд. Неъмонова Сайби 19 майи соли 1963 дар ш.Душанбе таввалуд ёфтааст, модараш дар вақти ду солагии Сайби вафот кардааст ва ӯро ба тарбияи холаш супоридаанд. Сайби фақат синфи 8-умро хатм кардааст, аммо бобояш қарор кардааст ки духтарак ба маълумоти иловагӣ ниёз надорад, парасторони ӯ гирифтани шаҳодатномаи таҳсилоти ибтидоиро лозим надонистаанд. Дар синни 19 солаги ӯро хонадор карданд, аммо никоҳ дар шӯъбаи САҲШ ба кайд гирифта нашуд, барои он, ки хешовандон маросими диннӣ “никоҳ”-ро кофӣ шумориданд. Соли 1997 оилаи Сайби тасмим гирифт, ки аз ш.Душанбе ба ш.Хуҷанд кӯчанд, ва то лаҳзаи муроҷиат ба Ташкилот дар он ҷо зиндаги мекард. Дар никоҳи Сайби соҳиби 3 фарзанд шуд, аммо аз суханони ӯ, бо сабаби мулоҳизаҳои диннӣ ҳамаи таваллудҳо дар хона бе ёрии тиббӣ дар ҳузури занҳои оилааш сурат гирифтааст. Албатта, таваллуд шудани ҳар 3 фарзанди Сайби дар хона сабаби надоштани шаҳодатномаи таваллуд шуд. Дар лаҳзаи муроҷиат ба “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” писари калониаш ӯ Хайриддин алакай 32 сола, духтараш Гулчехра – 28 сола ва писари хурдиаш Эмомали 26 сола будаанд. Илова бар ин, дар идомаи амалияи мазкур набераҳои Сайби фарзандони духтараш Гулчехра низ дар хона таваллуд шудаанд ва шаҳодатномаи таваллуд надоштанд. Бақайдгирии давлатии таваллуди набероҳояш ғайриимкон буд, зеро модари кӯдакон ягон ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият надошт, ки дар асл ӯ воқеъан 28 сол вуҷуд надошт. Ду фарзанди Сайби ҳеҷ гоҳ ба мактаб нарафтаанд, фақат Эмомали то синфи 8 таҳсил намуда дар синнӣ 14 солагияш барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор маҳкум шуда ба мӯҳлати 8 сол аз озоди маҳрум карда шудааст. Инчунин ӯ шаҳодатномаи оиди таҳсили ҳатмии миёнаи асосии надорад.. Гулнора Аминова адвокати, ки бо лоиҳа ҷалб карда шуд, нақл кард: “Ин занҳои оила аз сабаби надоштани ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият наметавонистаанд манфияти худ ва манфияти фарзандонашонро ҳимоя намоянд. Масалан Гулчехра ақди никоҳи худ ва таваллуди кудаконашро ба қайд гирифта натавонист. Бешубҳа ин оила намунаи бепарвои ҳуқуқи буда ба он оварда расонд, ки воқеъияти таваллуди кӯдакон бояд танҳо ба тариқи суди муайян карда шавад”. Мувофиқи қ.4 м.23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”: Дар сурати мавҷуд набудани ҳуҷҷати шакли муқарраршуда дар бораи таваллуд қайди давлатии таваллуди кӯдаки ба синни як расида ва ё аз он калонтар дар асоси ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани факти таваллуд ба ҷо оварда мешавад. Дар рафти мурофиаи судӣ раисикунандаи парванда аз Хайриддин-писари Сайби: пурсид:“ ин қадар солҳо бе ҳуҷҷатҳои шахсият муайянкунанда чӣ тавр зиндаги карди?” Хайриддин ба ин посух дод, ки ақди никоҳи ӯ аз қайди давлати нагузаштаст ва кӯдакаш номи модарашро – ҳамсари Хайриддинро мебардорад. Хайриддин ҳатто падарияшро нишон дода наметовонад, зеро ӯ бе ҳуҷҷатҳо вуҷуд надорад – ӯ одами ноаён аст. Ҳар ду писари Сайби пештар бо қонун зид будаанд. Номаълум аст, ки суд чӣ тавр шахсияти ин одамонро муайян карда тавонист ва барои мӯҳлатҳои маҳрумият аз озодӣ дар КИ бо низоми пурзӯр маҳкум кардааст? Аз сабаби камбизоатӣ оила ТҶ “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” ба ин оила барои гирифтани шиносномаи шаҳрванди ҶТ кӯмаки моддӣ расонид, яъне боҷи давлати барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ва шиносномаи шаҳрванди ҶТ пардохта шудаанд. Баъди гирифтани шиносномаи шахрванди ҶТ Неъмонова Сайби такроран барои гирифтани хуҷҷатҳо барои набераҳояш муроҷиат намуд. Тавре ки дар боло қайд карда шуд муайян намудани вокеъяти таваллуди кӯдакон- набераҳои Сайби танҳо бо тариқи суд имкон дошт. Оила аз тамоми расмиёт гузаштааст ва имруз худди Сайби ва фарзандони ӯ соҳиби шиносномаи шаҳрванди ҶТ шудаанд! Оилаи ноаён дар соҳаи ҳуқуқи кишвар пайдо шуд, барои онҳо ҳизматрасонии тиббӣ, маъориф, дастгирии иҷтимоӣ, меҳнат дастрас шуд. Набераҳои Сайби метавонанд ба кӯдакистону мактаб раванд ва аз падари биологӣ маблағ барои таъминот рӯёнанд. Бовари доштан меҳоҳем, ки дигаргунии беҳтари дар ин оила аллакай огоз ефт!